БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АСОСГУЗОР ВА АМАЛИКУНАНДАИ ҒОЯИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Боғчаи №9» хониши сиёсӣ доир намуданд.

Нотиқон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнамо, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо мебошанд ва бо ифтихор метавон гуфт, ки бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон Тоҷикистонро ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини тоҷикӣ табдил доданд.

Таърихан чунин ғояҳо дар садсолаҳо ва ҳато ҳазорсолаҳо як бор тавлид ва амалӣ мешаванд ва асосгузору амаликунандаи онҳо фардҳои аз ҷиҳати маънавӣ ва зеҳнӣ пурқувват мебошанд. Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои чунин хислатҳои накӯ ва фарҳанги олӣ мебошанд. Ҳамин ғояи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ватан ҳаст, ки ҳамчун мавҷҳои тӯфон амалҳои фардҳо ва гурӯҳҳоеро, ки ба рушду нумӯи Тоқикистон зиён меоранд, ба нестӣ бурда истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg