ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати деҳоти Кангурт” баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони гурӯҳи тарғиботӣ низ иштирок доштанд.
Масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик муҳтавои самтҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро ба иштирокдорон шарҳ доданд.
Аз ҷумла нисбати 20–соли муҳим барои рушди илми кишвар дар партави ташаббуси Пешвои муаззами миллат оид ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сухан гуфтанд.
Дар идома ба як нафар, ки ба сафи аъзои ҳизб қабул гашт, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.