ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Деҳоти Кабуд Сайфутдинов» баргузор гардида, дар он муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Оли ба иштирокдорон фаҳмонида шуд.
Аз гуфтаҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки давлату ҳукумат то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон занон ва оила, рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми мардуми кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи пешрафти Ватани азизамон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, то ин ки мо ҳама якҷо кишвари азизу муқаддасамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем.