АНДЕША. Дар тӯли фаъолияти босамар ва мувафақона Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар меҳвари сиёсии кишвари азизамон таҳти роҳбароии Раиси муаззами худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист барои беҳбуди ҳаёти занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.
Аз рузҳои аввали фаъолият то ба имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми беандоза дорад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, ки онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозад. Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд низ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисон мебошад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" далеле гуфтаҳои боло мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хусус мақом ва ҳуқуқи зан дар ҷомеа ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзоёни худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.
То имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз уҳдаи ҳамаи он мақсадҳои пешгузоштаи хеш бо сарбаландӣ баромадааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамаи барномаҳои Худро бо дарназардошти таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ барномарезӣ кардааст ва оянда низ ҳамқадами ҷомеаи муосир ба суи ояндаи дурахшони худ харакат мекунад.
Имсол бошад Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Барномаи комилан нав ва номзадҳои арзандаи худ, ки 40 фоизашонро занони кордону таҷрибадор ташкил медиҳанд вориди интихобот мегардад.
Аз пешниҳод ва дастгирии Раиси муаззами ҳизб Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мақом додани бонувон дар парлумони кишвар мо занони ватандӯстро боз ҳам руҳбаланд гардонид.
Ғуриева Муслима, номзад ба вакилии Маҷлиси
вакилони халқи шаҳри Норак.