БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ–ҲИЗБЕ, КИ АЗ ОН ИФТИХОР МЕКУНАМ!

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи сарнавиштсози таърихро сарбалондона тай намуд ва имрӯз ба  як ҳизби созанда ва муттаҳидсози ҷомеаи кишвар табдил ёфтааст.

Ҳадафи аслии Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикисотон аз даврони  ба меҳвари  сиёсат қадам гузоштанаш барои пешрафт ва беҳтар намудани зиндагии мардум мебошад.  Вазифаи ҳамаи  аъзоёну ҷонибдорон бахусус номзадҳое, ки аз ин ниҳоди бонуфузи сиёсӣ ба вакилӣ пешниҳод гардидаанд ин аст, ки ғояҳои давлатсозӣ ва давлатдориро тарғиб намуда, бо меҳнати ҳалолу зиндагии бошарафона намуна барои дигарон бошанд.

Яке аз омилҳои асосие, ки обрӯю нуфузи Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистонро дар  байни мардуми кишвар  баланд бардоштааст, ин дуруст интихоб намдуани вакилон ба парлумон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони ҳахлқ мебошад.

Чи тавре  Пешвои миллат,  Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  оғози кори Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъкид намуданд «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» ба арзишҳои умумибашарӣ  тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад. Дар ҳақиқат дар тӯли 25 соли фаъолияташ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои қонеъ намудани талаботи шаҳрвандон ва мусоидат ба зиндагии шоистаи мардум дар пайи ҳалли мушкилотҳои гуногун саҳми басо арзанда гузоштааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  тавонист дар шароити ҷаҳонишавӣ  ва тағйиёбии босуръати ҷаҳони муосир ҳадафҳои асосии худро амалӣ созад.  Дар ҳамин замина ҳизб дар якҷояги бо сохторҳои давлатӣ ва аъзоёну ҷонибдоронаш таҳкими  сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор диҳад.

         Ҳизб аз аввалин рузҳои таъсисёбиаш ба ҷавонон ҳамчун нерӯи бузургу созанда ва ояндаи давлату миллат такя дошта, барои дастгирии ҳамаҷониба нисбат ба ин қишри ҷомеа кушишҳои зиёд кардааст.  Раиси ҳизб муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳам дар яке аз Анҷуманҳои ҳизб таъкил карда буданд, ки “Дар сафи ҳизби мо ҷавонони ватандӯст, ба кори ҳизб содиқ, фаъолу ташабускор ва ташкилотчи хело зиёданд”.  

         Шахсан ман ифтихор менамоям, ки ҳамчун номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ба вакили Маҷлиси вакилони Халқи шаҳр пешниҳод гардидаам. Ин пешниҳод кӯшишу ҳаракатҳои мо ҷавононро дучанд намуда масъулияти моро баланд месозад.

 

Назаров Аслиддин, номзад ба вакилии Маҷлиси

вакилони халқи шаҳри Норак.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg