БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН МАНБАИ НУР!

АНДЕША. Ба кор даромадани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки ба 9 сентябри соли 2019, яъне ба таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, туҳфаи нодир ва лутфи тақдир аст барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ.

Ду сол муқаддам, яъне 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни оғози корҳо дар сарбанди Нерӯгоҳи мазкур таъкид карданд, ки НБО-и Роғун иншооти ҳаётан муҳимму стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллат хизмат мерасонад. Ҳамчунин, дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳанд гирифт”.

Фараҳмандии Пешвои муаззами миллат дар расми ифтитоҳи ин манбаи нур, ки аслан инъикоси хурсандии миллат буд, ҳар яки мо-сокинони саодатманди Тоҷикистонро ба фатҳи музаффариятҳои нав ҳидоят намуда, дар ин ҷодаи ҷавонмардӣ нерӯбахши ҳар фарди ватандӯст мегардад. Қарзи шаҳрвандии мост, ки дар пайравӣ аз Роҳбари давлат бо ташаббусу иқдоми росих дар пайи ободӣ, тараққӣ ва таҷаллии Ватан садоқатмандона талош варзем. 

Воқеан, фардои дурахшони мо-тоҷикистониён аз бунёди Роғун вобастагии зиёд дорад, зеро Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёту пешравиҳои бузург мерасонад.

Дар рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шудани чархаи дуюми НБО Роғун моҳиятан рамзӣ ва амри воқеист, зеро агар истодагарӣ, пофишориҳо ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ мавқеи устувори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, ин қадами устувор гузошта намешуд.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқии Ёвон” бо мақсади тарғиби ин дастоварди нодири миллат, яъне ба кор даромадани чархаи якуму дуюми НБО Роғун таҳти унвони «Тоҷикистон-манбаи нур» Аксияҳои ҳизбӣ ва конфронсу мизҳои мудавварро бо иштироки доираи васъи ҷавонон доир менамояд.

Бешак бунёди НБО “Роғун” аз барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ (2015-2020) шаҳодат медиҳад, ки ин ҳизби сиёсӣ тамоми самтҳои Барномаи хешро амали намуда, ба мардум ҳизби халқӣ ва мардумӣ буданашро собит менамояд.

 

 

Ҳайдаров Қурбон-номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз ҳавзаи № 23 аз ҷониби ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg