БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ЧӢ МАН БА ҲХДТ ОВОЗ МЕДИҲАМ?

АНДЕША. Ба ин савол дар доираи ҷилд – ҷилд  китобҳо навиштани ҷавоб арзанда ҳаст. Чунки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва Оинномаи Ҳизб барои бунёди ҷомеаи муосири демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ нигаронида шуда, дар он дастовардҳои тамоми давлатҳои пешрафтаи олам, ки инсоният дар давоми тамоми таърихи ҳастиаш офаридааст, тарҳрезӣ гардидааст.

      Ҳамаи паёмбару абармардони рӯи олам ҳаёти худро баҳри хушбахтиву хуррамии инсоният, тартиботи комили ҷамъияти инсонӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, сулҳу осоиштагӣ ва нишоти абадии башарият бахшидаанд. Дар ин маром, мақсадҳои олии ҲХДТ рушду тараққиёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, побарҷоии қадру манзалат ва ҳуқуқу озодиҳои тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани ормонҳои ҳазорсолаи миллати азиятдидаи мо мебошад.

      Роҳи интихобкардаи ҲХДТ, ки роҳи демократии ҳуқуқбунёди дунявист, роҳи дар таърихи садсолаҳо дар давлатҳои пешрафтаи олам санҷидашуда мебошад, ки дар он ҳамаи омилҳои муҳими расидан ба арзишҳои олии инсонӣ пешбинӣ гардидааст.

      Ман барои он ба ҲХДТ овоз медиҳам, ки Сарвари ин ҳизби фидоии давлату миллат фарзанди фарзонаву хирадсолор, Пешвои муаззами давлату миллати мост.  Ман барои он ба ҲХДТ овоз медиҳам, ки роҳи ҲХДТ – роҳи сулҳ, роҳи рушд, роҳи ҳуқуқ ва озодии ҳар як шаҳрванд ва роҳи ояндаи дурахшони Ватани азизамон Тоҷикистон мебошад.  

 

Сайдализода Фаррух – номзад  ба  вакилии  Маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳияи  Темурмалик

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg