БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПИРӮЗИИ МО ДАР ИНТИХОБОТ ИН ХУШБАХТИИ МОСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидои “Хоҷагии ҷангал Шӯрообод» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар маҷлис  намояндагони ҳизбӣ  дар бораи моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти вазъи экологӣ ибрози назар намуда, қайд карданд,ки мо аъзои фаъоли ҳизб ва тамоми шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки баҳри пешгирӣ аз вайрон гаштани мувозинати экологӣ ва тавсеа бахшидани шинондани  дарахтон,  васеъ намудани ҷангалзорҳо дар тамоми минтақаҳои мамлакат,  мусоидат баҳри ҳифзи олами ҳайвоноту набототи Тоҷикистон ва  андешидани тадбирҳо ҷиҳати тақвияти маърифати экологии мардум  аз тамоми  имкониятҳои мавҷуда   самаранок истифода намоем.

Инчунин, дар идомаи суҳбат масъулин дар бораи маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва номзадҳои арзандаи пешбаригардида ибрози ақида  намуда, қайд, карданд,ки дастгирӣ аз номзадҳо ва дар парлумон аксарияти ҷойҳоро соҳиб гардидан барои ҳизби мо шараф ва ифтихори бузург хоҳад буд. 

Аз ин рӯ ҳар яки мо аъзои ҳизбро мебояд, ки сари ин масъалаи бағоят муҳим ва ҳассосу  ҷиддӣ муносибат намоем, то ки ба пирӯзӣ  ноил гардем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg