БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ –НЕРӮИ СОЗАНДА БАҲРИ КИШВАРИ МОСТ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар ташкилотҳои  ибтидоии “Ҷовидон”,  “Гулистон 2” ва “Яккатут” вохӯрии судманд  баргузор намуданд.

Дар маҷлис масъулин дар бораи муҳтавои Паёми Пешвои миллат, масъалаҳои дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, ҷалби занону духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ, ҷалби аҳолӣ ба китобхонӣ ва варзиш, сохта ба истифода додани  муассисаҳои томактабӣ, китобхонаву варзишгоҳҳо дар деҳаҳо ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро ба амалҳои хайру сахо, дастгирии ятимону камбизоатон ва оилаҳои ниёзманд, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ баҳри шукуфоии Ватани азизамон ҳидоят карданд.         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg