БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА ҲУКМИ АНЪАНА ДАРОМАДААСТ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти  ибтидоии «Мирзо Турсунзода» -и ҳудуди Ҷамоати деҳоти  “Яккатут” - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ  баргузор гардид.

Нахуст,  масъулин  аз суханрониҳои дар Паёми Пешвои миллат зикршуда ёдовар гашта, қайд карданд, ки дастгирии оилаҳои ниёзманд имрӯзҳо дар кишвар ба ҳукми анъана даромадааст ва дар анҷоми ин амалҳои хайру сахо, соҳибкорони инсондӯст, шахсони саховатманди диёр, аз ҷумла фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  нақши арзанда доранд. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона дар оянда низ  идома дода мешавад.

Дар охир моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва маъракаи  муҳими сиёсии дарпешистода ба дарки ҳамагон расонида шуда, таъкид шуд, ки овози  шаҳрвандон  дар интихобот барои номзадҳои арзанда  нақши муҳим дорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg