БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН ОЙИНАЕСТ, КИ ДАР ОН СИМОИ ПУРҶИЛОИ МИЛЛАТ РАВШАН ИНЪИКОС МЕШАВАД

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои  ибтидоии “Ҷомӣ” ва “Ситора”  вохӯрии судманд  баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулин ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки  Пешвои миллат дар Паёми навбатиаш  забонро гавҳари бебаҳо ва ҳастии миллат шуморида,  қайд карданд, ки “Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем”.  Ҳамчунин дар рафти суҳбат масъулин таъкид карданд, ки бояд  ҳар як фарди бонангу номус ва бедордили тоҷик  гуфтаҳои Сарвари хирадмандро дар хотир дошта,  ба қадри забони шевову ноби тоҷикӣ бирасем ва ба он эҳтиром гузошта,  чун гавҳараки чашм ҳифз кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg