А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ташкилоти ибтидоии “Бӯстон- 2” вохӯрии судманд ҳамоиш масъулин қайд карданд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон оид ба соҳаи маориф ва илм диққати ҷиддӣ дода, таъкид карданд, ки “Акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем”. Роҳбари давлат дар ҳар як суханрониҳояшон нисбати ҷавонону наврасон ва занону духтарон ғамхориҳои беназир намуда, таъкид карданд, ки дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон тавсияҳои муфид доданд.