
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Ҳомиён» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулин дар рафти чорабинии мазкур баромад намуда, иброз доштанд, ки Пешвои миллат ба масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, оид ба боло бурдани сатҳи иқтисодиёт, дастгирии соҳибкорон ва фаъолияти онҳо, рушди соҳаи саноат, афзун намудани теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва бо ин роҳ таъмини сатҳи иҷтимоӣ, маошу нафақа, касбомӯзӣ, дастгирии занон ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои мардум вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа, волоияти қонун баромадҳо намуда, иштирокдоронро оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ дастурҳои мушаххас доданд.