БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАЗИФАИ МО ҲИЗБИЁН САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ БА ХОТИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКИИ КОМИЛ АСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Кӯҳдоман» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин дар рафти чорабинӣ иброз доштанд, ки ҷиҳати пурра таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи нерӯи барқ дар Осиё, ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вусъат дода шуда, силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба хориҷи кишвар бунёд мегарданд.
Ба кор андохтани ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки бо шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ- истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg