
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти «Фархор» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар мулоқот масъулин баромад намуда, ёдовар шуданд, ки бо кӯшишҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳо ва ҳалли масоили вобаста ба об, кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ чандин ташаббусҳои созандаро пешниҳод кардааст.
Вобаста ба ин натиҷаи самараноки амалишавии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистонро ташкилотҳои байналмилалӣ мусбат арзёбӣ карда, кишвари моро ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф карданд.
Инчунин, дар идома сифатҳои мусбати номзадҳо, ки аз ҷониби Конференсияи ҲХДТ ба ҳайси номзад ба вакилии маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбарӣ шудаанд, шаҳр дода шуд.