
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Дӯстӣ»-и деҳаи Дӯстӣ мулоқот баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин суханронӣ намуда, зикр карданд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, дар Паём қайд гардид, ки “Аллакай, дар зарфи соли якуми эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст”. Дар ин маврид дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таъкид доштанд, ки “Мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем”.