БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН БА ҶАҲОНИЁН БО ИМКОНИЯТҲОИ ВАСЕИ САЙЁҲӢ МУАРРИФӢ ГАРДИДААСТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани манфиатҳои миллӣ. Вобаста  ба  таблиғу  ташвиқи  Барномаи  ҲХДТ  ва  номзади  он  ба  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Маҷлиси  маҳаллии  вакилони  халқ    вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик   дар  ташкилоти ибтидоии деҳаи  “Дӯстӣ”   баргузор  гардид.

Дар  оғоз  роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар  бораи   Паёми  навбатӣ   ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён дошта, гуфт, ки  имрӯзҳо Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор мешиносанд ва аз ташаббусҳои созанда ва таклифу пешниҳодҳояш дастгирӣ менамоянд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳхоҳ баробари давлатҳои абарқудрати ҷаҳон дар Созмони Миллали Муттаҳид овоз ва мавқеи устувор дорад. Тӯли панҷ соли охир низ Барномаи ҲХДТ дар самти сиёсати хориҷии кишвар муваффақона амалӣ гардида, Тоҷикистон ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари амну осоишта, бо нишондодҳои устувори рушди ҳамаҷониба ва дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ муаррифӣ гардидааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg