Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи эълон гаштани соли 2020 «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» дар ташкилоти ибтидоии “Нуқра”-и Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.
Масъулин атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, маъракаҳои муҳими сиёсӣ суханронӣ карда, иброз доштанд, ки Паёми Президенти мамлакат барои тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар роҳнамои корӣ буда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои ироашуда ҳамаи мо масъулем.