
НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии «Ваҳдат» оид ба Паёми Пешвои миллат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо сокинон хониши сиёсӣ доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат чун ҳамешагӣ ба занону ҷавонон ва ҳаёту фаъолияти онҳо ҳамчун қувваи пешбаранда ва ояндаи миллату давлат аҳамияти махсус зоҳир гардид ва ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ доштани ҷавонон гарави амнияту осоиш ва пешрафти ҷомеа дониста шуд.
Инчунин, дар идомаи суҳбат дар бораи моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад, андешаронӣ карда шуд.