БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МУҲАРРИКИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Ташхиси хун" бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ суҳбат вобаста ба муҳтавои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода, яъне интихоботи парлумонӣ  доир гардид.

Дар рафти мулоқот иброз дошта шуд, ки  дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар Паём ҳамчун чароғи фурӯзон, фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа буда, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо пешниҳод мегардад. Вобаста ба соҳаи тандурустӣ дар Паёми худ Пешвои миллат иброз доштанд, ки "Мо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, тайи як сол садҳҳо иншоотҳои тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем". Ин нуктаи муҳими Паём ҳар як корманди соҳаи тандурустиро водор ба он месозад, ки дар шароити ниҳоят хуб сифати хизматрасониро барои шаҳрвандон хубтару беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Паёми Пешвои миллат саҳмгузор бошанд.

Дар охири мулоқот аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода фаъолона ширкат варзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg