БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕТАРАФ НАБОШ! ОВОЗ БИДЕҲ!

КӮЛОБ.  Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Дар факултаи “Физика ва математика”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суҳбат бо интихобкунандагони ҷавон доир гардид. 

Дар суҳбат масъулин суханронӣ намуда, иброз доштанд, дар Паёми имсола  Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем”. Дар навбати худ интихобкунандагони ҷавон иброз доштанд, ки мо ҷавонон аз ин суханҳои наҷиби Роҳбари давлат руҳу илҳоми тоза гирифта, бо мақсаду маромҳои созанда барои пешравии кишвари азизамон гомҳои устувор мегузорем.

Дар қисмати дигари вохӯрӣ иштирокдорон  саволҳои худро  вобаста  ба раванди  интихобот ба ҳозирин дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg