
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба мардум расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, таблиғу ташвиқи васеи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва муаррифии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар ташкилоти ибтидоии «Обшорон» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат сухан гуфта, онро ифодакунандаи амнияту суботу пойдории мамлакат, шинохти Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвару рушдкунанда дар арсаи ҷаҳонӣ, пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои мавҷуда донистанд. Зимни суханрониҳо паҳлуҳои алоҳидаи Паём шарҳу тавзеҳ дода шуда, ҳамчунин, вобаста ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи дарпешистода ва барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сухан гуфтанд.