КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриҳои тарғиботчиёни Кумитаи иҷроия ноҳиявии ҲХДТ идома доранд.
Вохӯрии навбатии гуруҳи тарғиботчиён дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳор бо сокинони деҳаҳои Навобод ва Бӯстони ноҳия доир гардид.
Инчунин дар вохӯрӣ хонандагони синфҳои 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 – ноҳия иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ масъулин Паём ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025-ро шарҳу тавзеҳ доданд.