БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЯД ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ ВАТАНИ АЗИЗ БОШЕМ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Дар ҷамъомад масъули Кумитаи иҷроияи ҳизб роҷе ба моҳияти Паёми Пешвои миллат, ки фарогири тамоми соҳаҳо мебошад,  суханронӣ кард.

Ташкилкунандагони чорабинӣ ба ҷавонон таъкид карданд, ки ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ бирасанд. Дар иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, фарзандони содиқи Тоҷикистон азиз бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg