ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаи Доққии Ҷамоати деҳоти 20-солагии истиқлол вохӯрӣ баргузор карданд.
Дар вохӯрӣ масъулин дар мавзӯи “Паёми миллат-раҳнамои миллат” суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар Паёми навбатии Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифтанд ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вазифаи ҳар як масъули соҳа ва ҳар сокини кишвар маҳсуб меёбад.