
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов вохӯрӣ баргузор гардид.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар назди ҳозирин иброз доштанд, ки Пешвои миллат ҷомеаи парешонгаштаву навмедгардидаи тоҷиконро зери ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳам оварда, девори устувору бегазанди соҳибистиқлолиро бунёд сохтанд. Сабурӣ, ботамкинӣ ва фарҳангсолории Сарвари давлатамон ба баҳамоӣ, якдигарбахшии халқи тоҷик мусоидат намуд, чунки худ аввалин шуда ба бахшиш ва авф рӯй оварданд. Хушбахтона имрӯз дар Тоҷикистон амнияту осудагӣ таъмин аст ва мардуми тоҷик дар фазои ваҳдату ҳамдилӣ умр ба сар мебаранд. Аз ин хотир мебояд ҳама дар қатори ин марди хирад баҳри ободии Ватан смҳмгузор бошем.