БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии ҷангали вилоят” бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои он ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир карданд.
Дар вохурӣ масъулин қайд намуданд, ки ҲХДТ барои таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки дарозмуддати ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар самтҳои макроиқтисодӣ ва соҳаҳои ба имконияту захираҳои мавҷуда асосёфта хусусиятҳои минтақавии кишварро муайян мекунанд ва хусусияти амнияти иқтисодӣ доранд, талош менамояд.