
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Гулбоғ»-и Ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳия вохӯрӣ баргузор карданд. Дар вохӯрӣ намояндаи Кумитаи иҷроия атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва оид ба раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтни ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ кард.