
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Кӯҳсор»-и Ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии масъулони кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо аъзои ташкилоти ибтиодии мазкур баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроия атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ибрози назар намуда, ҷамъомадагонро ба корҳои созандагӣ ҳидоят карданд.