БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ САРМАШҚИ КОРИ МОСТ!

АНДЕША. Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба мақоми  Олии намояндагӣ  ва қонунгузори кишвар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи руйдодҳои бисёр муҳими сиёсии кишвар ба шумор меравад.

Амали намудани дастуру супоришҳои саривақтии ин ҳуҷҷати муҳиму ояндасоз имконият медиҳад, ки пешрафти тамоми самтҳо таъмин  гардида, шароити рӯзгори мардум боз ҳам беҳтар шавад.

   Мусалам аст, ки Пешвои миллат  дар Паёми худ сиёсати дохилию хориҷи, нақшаю дурнамоҳо ва амалишавии барномаҳои милливу давлатиро, барои солҳои оянда муайян месозад.

   Пешвои муаззами миллат дар сиёсати худ маорифро, ки яке аз рукумҳои меҳварии давлатдории миллӣ ва яке аз самтҳои афзалиятнок шуморидаанд. Ин аст, ки муносибати хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомали Раҳмонро ба соҳаи маориф аз Паёмҳои эшон, ки дар ҷамбасти ҳар сол ба Маҷлиси Олӣ ба халқи шарифи Тоҷикистон ироа мегардад, метавон мушоҳида кард.

   Паёми имсола, ки бештар ба соҳаи маориф, маънавиёту иҷтимоиёти аҳолии кишвар бахшида шуда буд, дар назди аҳли маориф вазифа гузошт, то ба омӯзиши фанҳои табиатшиноси, дақиқ ва риёзи таваҷҷуҳи бештар дода ҷиҳати тақвият бахшидани қобилияти эҷодии наврасону ҷавонон, дар замири онҳо бедор намудани меҳри китобдӯсти ва асарҳои бадеиву илми чораҳои амалию зарури андешанд.

    Президенти кишвар таъкид карданд, ки соле, ки сипари шудаистодааст, дар таърихи  Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз ҳам як соли бобарор сабт гардид.

   Дар соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохили 7,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохили аз 45,6 миллиард сомони ба 78 миллиард афзоиш ёфт.

   Президенти кишвар таъкид карданд, ки таҳким бахшидани иқтидори кишвар, ҷори кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардидани пояҳои моддиву техники муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеъи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф мебошад.

    Ба андешаи мо таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба омӯзиши фанҳои табиатшиноси, дақиқ ва риёзи бесабаб нест ва ҳатман самараи неке ба бор хоҳад овард, зеро бо гузашти вақт исбот шудааст, ки ҳар як ташаббус ва ибтикори дурандешонаи эшон тасмими оқилона будааст.

  Бо ибтикори дурандешонаи навбатии Президент солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, табиатшиноси, ва риёзи дар соҳаи илму маориф»  эълон гардид.  

  Мавриди зикр аст, ки соҳаи маорифро бе китоб ва нашри маводи таълимии босифат наметавон тасаввур кард. Дар ин самт маҳз бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон озмуни «Фуруғи субҳи доннои...», ки дар соли 2019 эълон ва аз ҷониби тамоми қишри ҷомеа истиқболи солимӣ пайдо намуд қадами муҳим буд.

   Ин озмун, ки бо амри Президенти кишвар дар соли 2019  баргузор гардид ва аз ҷониби Президент дар Паёми навинашон таҳлили ҳамаҷониба ёфта, оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта маслиҳату дастурҳои мушаххас низ дода шуд ва баргузории он ҳамасола ба нақша гирифта шуд.

   Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ташаббускори ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи шаҳрванди ва ҷаҳони буда, ҳамзамон оид ба самтҳои ҷудогонаи сиёсати кишвар муносибати махсус зоҳир менамояд.

    Аз ҷумла дар самти об. Бояд қайд кард, ки 21.12.2016 Маҷмааи умумии Созмони Миллал Муттаҳид Қатънаморо зери унвони Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви Созмони Миллал Муттаҳид қабул намуданд.

   Пешвои миллат дар паёми худ ба соҳаи тандурусти ва ҳифзи иҷтимои аҳоли низ диқати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурусти, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем. Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳими иҷтимои, махсусан дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба кули тағир ёфта истодааст.

  Соли  2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли ба истифода дода шуд.

   Буҷети соҳаи тандурусти дар 7-соли охир аз 716 миллион сомони ба 1 миллиарду 740 миллион сомони расидааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.

  Дар соли 2020 маблағгузории соҳа қариб 2 миллиард сомони ё худ ба афзоиши  қариб 6% назар ба соли 2019 пешбини шудааст.

   Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар низоми сиёсии давлатдори ҳуҷҷати расми ва раҳнамо аст, дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон.

 

Шарипов Бозор, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ  ҳавзаи №14.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg