БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲОСИЛНОКИИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  Ҷамоати деҳоти Саричашма кормандони Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар мулоқот масъулин зимни суханронӣ аз Паёми навбатӣ ёдовар гашта, қайд карданд, ки бо сабаби гармшавии иқлим дар 40 соли охир беш аз 1000 пирях об шуда, пурра аз байн рафтааст. Ҳолати кунунии пиряхҳо тақозо менамояд, ки якҷоя бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар самти ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиши вазъи онҳо тадбирҳо андешида шаванд. Дар солҳои минбаъда  паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ низ меафзояд. Сол ба сол афзоиш ёфтани масоҳати заминҳои бекор, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ боиси торафт паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мегардад.

Моро зарур аст,  маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати  истифодаи самараноку сариштакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg