БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ДАСТУРАМАЛИ КОРИИ ҲАРРӮЗАИ МО СОКИНОН АСТ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои он, ҳамчунин вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои  ибтидоии деҳаҳои  «Айвоҷ»  ва «Утанобод»-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров  вохӯрӣ доир гардид.

Дар суҳбат намояндагони ҳизбӣ дар бораи самтҳои муҳими  Паёми навбатӣ ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён дошта, қайд намуданд, ки бо шарофати саҳми сазовори ҲХДТ суботи макроиқтисодӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин гардида, дар давраи татбиқи Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2015-2020 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 2 маротиба афзоиш ёфт. Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 ва музди меҳнати миёнаи як корманд 1,8 маротиба зиёд шуд. Дар натиҷа сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар кишвар аз 80%-и 25 сол пеш ба соли 2011 то 41% ва ба соли 2019 то 27,5% коҳиш дода шуд.

Дар давраи солҳои 2020-2025 бошад, ҲХДТ бо назардошти ҳифзи дастовардҳои қаблӣ дар самти гузариш ба марҳилаи нави рушди иқтисоди кишвар ва баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум як қатор тадбирҳоро рӯи даст гирифтааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg