ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои он, ҳамчунин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Тоҷикобод”-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров вохӯрӣ доир гашт.
Намояндагони ҳизбӣ дар назди сокинон аз нуктаҳои муҳими Паёми имсола ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ёдовар шуда, зикр намуданд, ки татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат вазифаи мо шаҳрвандони ватандӯст мебошад ва ҳар яки моро лозим аст, Паёми Пешвои миллатро ҳамчун раҳнамо барои ояндаи босаодатамон дар кору фаъолияти ҳаррӯзаамон истифода барем.