БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ПАЁМ БА РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ТАВАҶҶУҲИ ХОСА ЗОҲИР ГАРДИД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Зарбдор» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин дар рафти чорабинии мазкур оид ба Паёми Пешвои миллат баромад намуда, иброз доштанд, ки ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори муассисаҳои фарҳанг Пешвои миллат таъкид карданд, ки мо бояд ба таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа, мусоидат ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи самарабахши нерӯи фарҳангӣ ва маънавии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунем. Бегуфтугӯ, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ...” барои амалӣ намудани Консепсияи миллии тарбия, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии ҷомеа, тақвияти худшиносии миллӣ мусоидат мекунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg