БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН БАҲРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ КИШВАР

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва дар доираи эълон шудани соли 2020 “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” дар ташкилоти  ибтидоии    “Боқӣ Раҳимзода”-и  Ҷамоати деҳоти “Иттифоқ”   вохӯрии судманд  баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъулин оид ба таҳким бахшидани нерӯи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, устувор гардонидани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, афзалият додан ба таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбию касбомӯзӣ, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбанд, суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар идома вобаста ба  масъалаҳои тарзи ҳаёти солимро тарғиб намуда, тарбияи ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстию хештаншиносӣ,  ифтихори миллӣ ва соҳибкасб намудани онҳоро ба ҳозирин иброз доштанд. Таъкид бар он доштанд, ки мо бояд дастаҷамъона бар зидди нашъамандию нашъаҷаллобӣ, террористию экстремистӣ ва содир намудани дигар амалҳои номатлуб аз ҷониби ҷавонону наврасон мубориза бурда, онҳоро ба омӯзиши илму донишҳои муосир, аз худ намудани технологияҳои инноватсионӣ ба хотири ояндаи устувору пояндаи ҷомеа ҷалб намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg