БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: ДАРКИ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД ВА ЭЪТИҚОД БА АРЗИШУ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

А.ҶОМӢ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва шарҳу тавзеҳи  муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  дар ташкилоти  ибтидоии “Маданият” вохӯрии судманд  доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулин оид ба соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, иқтисодиву истеҳсолӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сохтмон ва таъмиру азнавсозии роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ баромад намуданд. Масъулин қайд карданд, ки Пешвои миллат дар суханронияшон зимни ироаи Паём таъкид карданд, ки “Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад”.

Дар охир масъулин аз сокинони маҳаллаи болозикр даъват намуданд, ки ҷавононро  роҳи дурусти ҳаётро омӯзонда, дар қалби онҳо меҳри Ватан-Модар ва дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, созандагӣ  ва садоқат ба халқу Меҳанро  ҷо  намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg