БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОНУ ДУХТАРОН ДАР ҶОМЕАИ ИМРӮЗА НАҚШИ ФАЪОЛ ДОРАНД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Пушкин”-и Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.

Намояндагони ҳизбӣ дар бораи  Паёми Пешвои миллат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ карда,  қайд намуданд, ки занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70%, тандурустӣ 67%, фарҳанг 51 % ва хизматчиёни давлатӣ 23.3 %- ро ташкил медиҳанд. Дар соҳаи кишоварзӣ низ  саҳми занону духтарон бисёр арзишманд мебошад.

Инчунин,  дар идома гуфта шуд, ки ҲХДТ дар 5 соли гузашта дар роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар саҳми муайяни худро гузошт. Минбаъд низ шуғли пурмаҳсул тавассути баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва сифати бозори меҳнат, рушди соҳаҳои саноати коркард, кам кардани шумораи бекорон, махсусан дар деҳот дигаргуниҳои сохторӣ ва идоракунии самарабахши муҳоҷирати меҳнатӣ вусъат дода мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg