БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГИ ТАШАККУЛДИҲИИ МАЪНАВИЁТИ ҶОМЕА ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИРО БАР ДУШ ДОРАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар робита ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ  дар ташкилоти ибтидоии «Хонаи бачагон» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, масъулияти бузурги ташаккулдиҳии маънавиёти ҷомеа ва рушди давлатдории миллиро ба душ дорад.

Дар ин раванд ҳама аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро зарур аст, ки бо масъулияти баланди ҳизбӣ ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷомеа ва таъмини фазои солими иттилоотӣ пайваста бо мардум бошанду нерӯи созандаро дар замири мардум бедор созанд, афкори сиёсии ҷомеаро шакл дода, миллати созандаву офаранда бисозанд, зеро ки тақозои замон чунин мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg