БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШИНОХТИ БЕШТАРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ - АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИЁН АСТ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҳизб бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  дар ташкилоти ибтидоии”Ҷавонон”  хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.

Масъулин  дар ин вохўрӣ ҳозиринро бо  моҳияти Барономаи пешазинитихоботии ҲХДТ шинос намуда,дар бораи муҳим будани маъракаи сиёсӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳуҷҷатест раҳнамо барои расидан ба ҳадафҳои олии давлат.

Инчунин, иброз шуд, ки ҲХДТ  бо истифода аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg