ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Гулобод 1» вохӯрии судманд роҳандозӣ гардид. Масъалаҳое, ки дар меҳвари вохӯрӣ қарор дода шуда буд, интихоботи вакилони мардумӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ буда, оид ба ин масъалаҳо ба иштирокдорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Иброз шуд, ки вазифаи ҲХДТ вобаста ба фазои басо мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва минтақа, хатарҳои терроризму экстремизм аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, суботу амният ва ягонагии халқи Тоҷикистон ҳамеша талош намояд. Дар баробари ин вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб ҳифзи давлату давлатдорӣ ва нигоҳ доштани сулҳу оромӣ дар кишвар мебошад.