НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Бақайдгирӣ” ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур намояндагони ҳизбӣ дар баромади худ иброз доштанд, ки ҲХДТ манфиатҳои кишварро болотар аз ҳама гуна манфиатҳо дониста, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арҷ гузошта, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи инсонро эҳтиром мекунад. Дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад.
Инчунин, барои баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ, ҳадафрас ва самарабахш гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҲХДТ ба анҷом расонидани корҳои муҳимро зарур мешуморад.