БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ДАР ТАҚДИРИ ХАЛҚИ ТОҶИК НАҚШИ МУҲИМ БОЗИДААСТ

ҚУБОДИЁН. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Нусратулло Махсум” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар бунёди  ҷомеаи шаҳрвандӣ”  доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони ҳизбӣ  қайд намуданд, ки ҲХДТ вобаста ба дигаргуниҳои замони муосир раванди мутобиқгардониро пешаи худ намуда, тавонист ҳамчун ташкилоти сиёсӣ барои мақоми муайян пайдо намудан дар ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани ғояҳояш мубориза барад. Зеро бунёди давлати соҳибистиқлолу демократӣ бе қабули қонунҳои ҳимоякунандаи мафиати умум ва иҷрои саривақтиву бечунучрои онҳо вуҷуд дошта наметавонад. Инчунин, дар идома зикр гардид, ки раванди маъракаҳои сиёсӣ собит месозанд, ки ҲХДТ  яке аз ҳизби бонуфуз дар  қаламрави кишвар маҳсуб ёфта, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил дод ва ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg