КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳор бо сокинони деҳаи Саричашма ҷиҳати тарғиби Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ХҲДТ мулоқот баргузор гардид.
Масъулин доир ба муҳтавои асосии Паёми навбатӣ, ки дар он тамоми самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқро дар бар гирифта буд, суханронӣ карда, иброз доштанд, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш Пешвои миллат кайд намуданд, ки «Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои давлат мебошад».«Интихобот хамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда, фарҳанги баланди сиёсӣ, хисси ватандӯсти ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад.