КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки гурӯҳи таблиғотӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва дигар шахсони даъватӣ дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол бо сокинони деҳаҳои Ғайратшо Давлатов, Свердлов, Маданият, Баҳор, 20-солагии Истиқлолият ва Зарафшон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар маҷлис масъулин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ номзадҳои он ва Паёми Пешвои миллат ба ҳозирин маълумот дода шуд ва онҳоро барои иштироки фаъолона дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ даъват намуданд.