БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии «Ташхиси судию тиббӣ» бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ доир карданд.

Дар ҷамъомад масъулин  ибрози андеша намуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор карданд то фаъолияти муассисаҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монад ва давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа ташкил намояд.

 Ҳамчунин, дар сатри дигар Пешвои миллат  ёдрас шуданд, ки  “Мо бояд дар оянда низ ба таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем”. Албатта, таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат нисбат ба соҳаи тандурустӣ дида мешавад, ки мақсади асосӣ ин ба солим нигоҳ доштани ҳар шаҳрванди мамлакат нигаронида шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg