БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ ФАЪОЛ САЗОВОРИ СТИПЕНДИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ГАРДИДАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. ҲХДТ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ин аст, ки яке аз самтҳои асосии Барномаҳои ҳизбро сиёсати кор бо ҷавонон ташкил медиҳад.

Бо ин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба 24 нафар ҷавонону наврасони фаъоле, ки новобаста аз оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарастор будан бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсилу фаъолият намуда истодаанд, ба стипендияи ҳизбӣ дар соли 2020 қадрдонӣ ва ҳавасманд гардида истодаанд. Месазад қайд намоем, ки дар таъмини сарпарастии стипендияи ҳизбӣ саҳми фаъолони ҳизб назаррас мебошад. Дар рафти маросими супоридани стипендияҳои ҳизбӣ фаъолони ҲХДТ иброз намуданд, ки ин иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро дастгирӣ намуда, минбаъд низ барои дар амал татбиқ намудани Барномаи созандаи ҲХДТ саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Дар навбати худ гирандагони стипендияи ҲХДТ минатдории худро ба роҳбарияти Кумитаи иҷроия ва фаъолон баён намуда, иброз доштанд, ки дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз пайваста саҳм мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg