БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАВРИ ОМӮЗИШИИ "АЗ МОДАР ТО РОҲБАР" ДУХТАРОНРО ҲАМ ДАР ШОҲРОҲИ ЗИНДАГӢ ВА ҲАМ ДАР КОРҲОИ ҶАМЪИЯТӢ-СИЁСӢ ОМОДА МЕНАМОЯД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ростои Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ даври омӯзишӣ таҳти унвони "Аз модар то роҳбар" бо иштироки 50 нафар занону ҷавондухтарони фаъолу ояндадор аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор  гардид.

Дар ин даври омӯзишӣ, ки 2 моҳ идома меёбад, занони донишманду кордон ва соҳибтаҷриба ба духтарон дарси зиндагӣ ва оини роҳбариро меомӯзонанд.

Дар аввалин машғулият роҳбарияти Кумитаи иҷроия иброз дошт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии занон дар ҷомеа, моро лозим аст ҷавондухтаронро чи дар роҳи зиндагии мустақилона ва чи дар самти боло рафтан дар зинаҳои роҳбарикунанда ба таври ҳамсон омода сохта, дастгирӣ намоем.

Дар рафти машғулият номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Худойдодова Шарофат атрофи мавзӯи мавқеи зан дар ҷомеа суханронӣ намуда, аз таҷрибаҳои фаъолияти роҳбарии худ ва дигар паҳлуи зиндагии занони муваффақ мисолҳо овард. Ҳамзамон, ба ҷавондухтарон тавсия дода шуд, ки пайваста ташаббускор бошанд ва имрӯзу ояндаи хешро ба дасти худ гиранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg