БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ, ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Созандагони Ватан-1”, ки аксарият интихобкунандагони ҷавонро ташкил медод, мулоқот доир карда шуд.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ баромад намуда, таъкид карданд, ки дар Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сиёсати ҷавонон ва варзиш яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок арзёбӣ гардида, ҲХДТ барои татбиқи босамар ва натиҷабахши он роҳу усулҳои муосирро истифода менамояд. ҲХДТ  ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар рушди илму техника ва технологияҳои муосир, ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.

Дар фарҷом аз интихобкунандагони ҷавон даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихоботи парлумонӣ, ки санаи 01.03.2020 доир мегардад, фаъолонокӣ нишон дода, номзадҳои арзандаи хешро интихоб намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg