КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "МНДСЭ-и шаҳрӣ ва минтақавӣ" бо ташабусси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъулин иброз намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат омили муҳимми мусоидаткунандаи рушди минбаъдаи кишвар буда, дар назди масъулини сохторҳои гуногун ва мардуми шарифи диёрамон вазифаҳои мушаххасро мегузорад. Паём ҳумчун ҳуҷҷати расмӣ ва роҳнамои ҳаёти ҳар як фарди Тоҷикистон аст.
Дар охир вобаста ба раванди гузариши интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо суханрониӣ намуда, иштирокдорон ваъда доданд, ки дар маъракаи муҳимми сиёсӣ иштироки фаъолона карда, раъйи худро ба номзадҳои арзанда медиҳанд.