БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАНДҲОИ ПАЁМ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии "Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим" ва “Маркази тропикӣ” вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ масъулин нуктаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат дар самти соҳаи тандурустиро шарҳу тавзеҳ дода,  доир ба маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ суханронӣ намуданд.

Дар охир аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки Паёмро ҳаматарафа омӯзанд, таҳлил намоянд ва онро чун барнома, роҳнамои кору фаъолияти худ қарор дода, барои пешрафти тамоми самт ва соҳаҳои хоҷагии халқ истифода баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg